Зарурати сохти роҳи инҳирофӣ қабл аз обгирии садди “Роғун”
Намояндаи Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон бунёди роҳи инҳирофӣ дар маҳалли сад ва нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” -ро зарурӣ ва муҳим донист.
Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Шони Кампбел бо ишора ба оғози амалиёти эҳдоси роҳи Роғун - Оби гарм - Нуробод барои ҳаракати мусофирон ва васоили нақлиёт аз манотиқе, ки дуртар аз маҳалли сохти сад ва нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” воқеъ шудаанд, гуфт: Бунёди ин роҳ аҳамияти дохилӣ ва байналмилалӣ дорад.
Вай афзуд: Зеро ин роҳ иртиботи шаҳри Душанбе бо манотиқи шарқи Тоҷикистон ва навоҳии ҳаммарз бо Қирғизистонро барқарор хоҳад кард.
Бо обгирии садди 335 метрии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бахши зиёде аз ноҳияи Нуробод зери об хоҳад рафт, ки роҳи қадимии водии Рашт то марзи Қирғизстон низ бахше аз ин тарҳ маҳсуб мешавад.
Бонки Рушди Осиё аз соли 1998 то кунун барои иҷрои тарҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон 2 миллиарду 200 миллион доллар ихтисос додааст, ки 1 миллиарду 600 миллион доллари он бебозгашт будааст.
Бештар бихонед:
- Оғози амалиёти иҷроии бунёди бузургроҳи Роғун - Оби гарм - Нуробод
- Парлумони Тоҷикистон ба нерӯгоҳи “Роғун” тахфифи андозӣ дод