Июн 09, 2021 13:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи паёмадҳои фазои маҷозӣ ба амнияти миллии Тоҷикистон

Таҳдидҳои фазои маҷозӣ ба амнияти миллии Тоҷикистон дар нишасти мизи гирде дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирфт.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар ин нишаст коршиносону таҳлилгарон, намояндагони идороти интизомӣ ва амниятӣ ва маҳофили донишгоҳӣ роҷеъ ба мавзӯи фурсатҳо ва таҳдидҳои фазои маҷозӣ барои амнияти миллии ин кишвари баҳсу табодули назар карданд.

Хуршед Зиёӣ, мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, созмонҳои террористӣ ва ифротӣ аз фазои маҷозӣ бар асоси барномаи вижа бо интишори иттлооти ҳадафманд дар канори силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ истифода мекунад.

Мудири Маркази тадқиқоти стратегии президент гуфт, “Албатта, дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот, махсусан, дар фазои маҷозӣ, бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Чунки имрӯз бо рушди фаъоли интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро ба тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд”.
Зиёӣ афзудааст, ки таъмини амнияти фазои маҷозӣ дар замони муосир ба яке унсурҳои асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст.

Вай таъкид кард,“Умедворам, ки мизи гирди имрӯза барои татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатӣ дар самти амнияти фазои маҷозӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз терроризм ва ифротгароӣ дар кишварамон мусоидат хоҳад кард”.

Ширкаткунандагон дар ин мизи гирд дидгоҳи худро дар бораи фурсатҳо ва таҳдидҳои фазои маҷозӣ барои амнияти миллии Тоҷикистон ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ иброз карданд. 

 

Барчасп