Июн 09, 2021 16:21 Asia/Dushanbe
  • Кушоиши намоишгоҳи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Намоишгоҳе бо унвони “Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар масири дӯстӣ ва созандагӣ” дар Музеи миллии Тоҷикистон кушоиш ёфт.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, ин намоишгоҳ то 20 июн доир аст.

Дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ раис, кормандони музеи миллӣ, намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, муассисаи давлатии ҳунарҳои зебо ва тарроҳии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Аҳлиддин Абдуллоҳзода, раиси Музеи миллии Тоҷикистон дар ин маросим, тоҷиконро мардуме донист, ки ҳамеша идомадиҳандаи роҳи ниёкони худ ҳастанд.

Ӯ таъкид кард, ду миллати тоҷик ва ӯзбак тамаддуни бостонии худро ҳифз хоҳанд кард.

Дар ин намоишгоҳ ҳунарҳои дастӣ ва суннатии ҳунармандони ду кишвари Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, назири миниётур, наққошӣ, муҷассамасозӣ, китоб ва фарши дастбоф намоиш дода шудааст.

 

Бештар бихонед: