Июн 09, 2021 21:15 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи 730 миллиондолларии мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Дар поёни нахустин ҳамоиши иқтисодиву тиҷории Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар шаҳри Бохтар, тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, ин тавофуқнома дар бахшҳои сохти корхонаҳои муштараки тавлиди мошин, трансформатори барқ, лавозими хонагӣ, таҷҳизоти гармхона ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аст.

Ҳамчунин эълом шуд, ки бо ҳадафи ҳимоят аз фаъолияти бахшҳои хусусии ду кишвар сандуқи сармоягузории муштарак бо сармояи аввалияи 50 миллиондолларӣ ташкил шавад.

Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ва Сардор Умурзоқов, муовини нахуствазир ва вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбакистон, мудирони ширкатҳои тавлидии ду кишвар дар ин ҳамоиш дар бораи истифода аз зарфиятҳои мавҷуд барои тақвияти равобити иқтисодӣ ва тиҷории дуҷониба баҳсу табодули назар карданд.

Дар ин нишаст 300 нафар аз фаъолони бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ширкат карданд.

 

Бештар бихонед: