Июн 11, 2021 15:44 Asia/Dushanbe
  • Комроншоҳи Устопириён ба бозиҳои олимпии Токио роҳхат гирифт

Ҷудокори ҷавони тоҷик роҳхати ҳузур дар бозиҳои олимпии Токио -2020 –ро касб кард.

Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар такя ба рейтинги нави олимпии Федератсияи Байналмилалии Ҷудо гуфтааст, ки Устопириён бо 2784 хол роҳхати бозиҳои олимпиро гирифт.

Бар асоси феҳристи кунунии олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи Байналмилалии Ҷудо нашр шудааст, Комроншоҳ миёни 398 ҷудочии ҷаҳон, ки дар вазни - 90 кило ҳунарнамоӣ мекунанд, дар мақоми 21-ум бо 2784 имтиёз қарор дорад.

Ӯ бо натиҷаи мазкур дар феҳристи ҷудокороне, ки ба таври мустақим барои ширкат дар олимпии Токио-2020 сафарбар мешаванд, ҷой гирифтааст.

Гуфта мешавад, миёни ҷудокорони дигари Тоҷикистон, Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг, Акмал Муродов 81 кг ва Темур Раҳимов дар вазни 100 кг низ имкони зиёде барои ба даст овардани роҳхати олимпиро доранд.

Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳ Устопириён, ки дар вазни 90 кило ҳунарнамоӣ мекунад, чорумин варзишгари тоҷик аст, ки ба бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтааст.

Аз ин пеш, Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (давидан ба масофаи 100 м) соҳиби иҷозатномаи ширкат дар бозиҳои олимпии Токио-2020 гардида буданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп