Октябр 29, 2016 12:25 Asia/Dushanbe
  • Ошкор шудани масири ҷалби террористҳо дар роҳи оҳани Осиёи Марказӣ

Хадамоти амнияти Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон гурӯҳе аз мубаллиғони ҷараёнҳои террористиро боздошт кардаанд, ки дар масири роҳи оҳани ин кишварҳо ба Русия ҷавонони ин манотиқро ба самти афкору гурӯҳҳои ифротии террористии ҷалб мекарданд.

Ба гузориши ОИР "Новости", Евгений Сисоев, мудири Маркази зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар чаҳорумин ҳамоиши "Ҳамкорӣ дар муқобила бо терроризму ифротгароии байналмилалӣ" дар Тошканд гуфт, ин афрод дар қатораҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба Русия, ки аз Қазоқистон убур мекунанд, ҳузур меёфтаанд ва дар гуфтугӯ бо ҷавононе, ки дар ҳоли сафар ба Русия барои ёфтани кор будаанд, ононро ба гурӯҳҳои террористӣ ҷалб мекардаанд. Ҳамчунин бар асоси ин гузориш, дар соли 2015 бо ҳамкории Хадамоти федералии амнияти Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ 80 нафар аз шаҳрвандони ҷумҳуриҳои ин минтақа, ки узви созмонҳои террористӣ буданд, боздошт шудаанд.

Чаҳорумин ҳамоиши "Ҳамкорӣ дар муқобила бо терроризму ифротгароии байналмилалӣ"-и кишварҳои узву нозири Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Тошканд баргузор шуд.