Июн 12, 2021 11:47 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди мошинҳои корхонаи узбакистонӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Узбакистон дар бораи тавлиди мошинҳои корхонаи UzAuto Motors ба тавофуқ расиданд.

Ба нақл аз Тоҷвик, корхонаи муштараки тавлиди ин мошинҳо бо манобеи молии ширкати “Алмини сохтмон”-и Тоҷикистон ва UzAuto Motors-и Узбакистон оғоз мешавад.

Ба манзури баррасии ин мавзуъ, гурӯҳи каршиносии Узбакистон бо сафар ба Тоҷикистон бо зарфиятҳои ширкати “Алмини сохтмон”-ошно шуд.

Гуфта мешавад, ки зарфияти солонаи тавлиди мошинҳои корхонаи UzAuto Motors дар Тоҷикистон 10 ҳазор дастгоҳ мебошад, ки ба тадриҷ ба 30 ҳазор дастгоҳ афзоиш хоҳад ёфт.

Тоҷикистону Узбакистон соли 2019 нахустин корхонаи муштараки тавлиди мошинҳои боркаш ва таҷҳизоти роҳдориро бо мушорикати ширкати “Алмини сохтмон”-Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ расонданд.

Дар ҷарёни дидори дурӯзаи ахири Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон аз Тоҷикистон ва гуфтугӯҳои вай бо Эмомалӣ Раҳмон, ду кишвар 35 санади ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои мухталиф имзо карданд.

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп