Афзоиши 2 баробарии содироти фулузоти гаронбаҳо аз Тоҷикистон
Содироти фулузот ва сангҳои гаронбҳо аз Тоҷикистон 2 баробар афзоиш ёфт.
Ҳамчунин аз ағози имсол токунӯн арзиши содироти фулузоти гаронбҳо аз Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиарду 210 миллиондоллар баровард шуда, ки ин мизон нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 35 дарсад афзоиш доштааст.
Аммо ба гуфтаи коршиносон тарози тиҷорӣ (ихтилоф байни содироту воридот) ҳамчунон тайи ин муддат манфӣ буда ва ҳудуди 132 миллиондоллар аст.
Дар чаҳор моҳи имсол 68 дарсад аз кули маҳсӯлоти содир шуда аз Тоҷикистон фулузот ва сангҳои гаронбҳо ва нимақимат будааст.
Воридоти коло низ дар ин муддат ҳудуди 1.2 миллиарддоллар будааст, ки 9 дарсад (92.6 миллиондоллар) бештар аз соли гузаштаи милодӣ буд.
Маҳсулоти маъданӣ, шимиёӣ ва мошинолот бештарин ақломи воридотии Тоҷикистон аст.
Тоҷикистон дар моҳҳои январ то апрели соли ҷорӣ бо 99 кишвари ҷаҳон равобити тиҷорӣ доштааст.
Бештар бихонед:
- 9 нафар ба иттиҳоми қочоқи тилло ва пул ба зиндон маҳкум шудан
- Боздошти раиси полиси Ҷайҳун ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо қочоқчиёни тилло ва доллар