Тавофуқи Тоҷикистон ва Қазоқистон барои муовизаи обу сӯзишворӣ
Муовини вазири муҳити зист ва захоири табии Қазоқистон аз тавофуқ бо Тоҷикистон барои муовизаи обу сӯзишворӣ хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ, Сирик Хоҷаниёзов гуфтааст, ки Қазоқистон дар фасли тобистон дар баробари дарёфти оби мавриди ниёзи бахши кишоварзии хеш ба Тоҷикистони сӯхту таҷҳизот ирсол хоҳад кард, зеро Тоҷикистон тааҳҳуд додааст, ки барои кумак ба рафъи буҳрони камобӣ дар Қазоқистон аз ҳисоби раҳосозии оби сади Қайроқум дар шимоли ин кишвар ба Қазоқистон 315 миллион метри мукаъаб об ирсол кунад. Қазоқистон низ ба Тоҷикистон дар таъмини сӯхти мавриди ниёзи ин кишвар дар баробари дарёфти об кумак хоҳад кард.
Дар даврони Шӯравии собиқ миёни кишварҳои болодаст ва дорои манобеи об дар Осиёи марказӣ, яъне Тоҷикистон ва Қирғизистон тавофуқ вуҷуд дошт, ки оби мавриди ниёзи кишварҳои поиндаст - Узбекистон, Арманистон ва Қазоқистонро таъмин кунанд ва дар баробари иқдом аз ин се кишвар сӯхт дарёфт мекарданд.
Аммо ин барнома пас аз фурӯпошии Шуравӣ лағв шуд, ки ба назар мерасад буҳрони шадиди камбуди об дар минтақа, мӯҷиби азсаргирии ин тарҳ шудааст.
Бештар бихонед: