Июн 14, 2021 17:31 Asia/Dushanbe
  • Поёни маъмурияти сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон

Маъмурияти дипломатии сафири ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон поён ёфт.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Ҳасан Муҳаммадзода, сафири Озарбойҷон дар Душанбе дар поёни маъмурияти худ бо Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидор кард.

Дар ин дидор, тарафайн дар мавриди тавсеаи равобит байни Тоҷикистону ҷумҳурии Озарбойҷон гуфтугӯ карданд.

Сироҷиддини муҳриддин низ аз талошҳои Муҳаммадзода дар тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар қадрдонӣ кард.