Октябр 30, 2016 09:47 Asia/Dushanbe
  • Зиёни қатъи барқ ба Корхонаи алюминии Тоҷикистон

Қатъи барқ дар саросари Тоҷикистон дар шомгоҳи рӯзи 28 актябри соли ҷорӣ ба муддати 3 соат, метавонист барои ширкати алюминии ин кишвар фоҷеабор тамом шавад.

Ба гузориши сойти CA News, Игор Сатторов- сухангӯи ширкати алюминии Тоҷикистон гуфтааст, ки агар талоши саривақтии мутахассисон набуд, ин ҳодиса метавонист мӯҷиби мутаваққиф шудани фаъолияти ин корхона шавад, ки хисороти ғайри қобили ҷубронро дар пай дошт.

Вай таъкид кардааст, ки қатъи барқ дар ин корхона соат 18:30 дақиқаи шомгоҳи рӯзи 28 октябр иттифоқ афтод ва талоши ширкати давлати Барқи тоҷик барои аз саргирии интиқоли барқ ба ин маркази тавлидӣ, пас аз 2 соат бо нокомӣ мувоҷеҳ шуд. Аз ин рӯ, 1.5 соати дигар замон бурд, то барқ ба Корхонаи алюминий мунтақил шавад. Ин дар ҳоле аст, ки дар ин корхона 303 кураи гудохтани маводи хом барои тавлиди алюминий вуҷуд дорад, ки бо барқ фаъолият мекунад ва ба теъдоде аз ин таҷҳизот хисорот ворид шудааст.

Игор Сатторов гуфтааст, ки акнун муҳосиботи мизони хисороти ворида ба ин корхона идома дорад, ки тайи 3 то 4 рӯзи оянда дар ин маврид иттилоърасонӣ хоҳад шуд. Коршиносон таъкид мекунанд, ки қатъи барқ дар ин корхона метавонад, мӯҷиби тағйири раванди тавлиди маҳсулот ва аз корафтодани теъдоде аз кураҳои гудохтани маводи хом барои тавлиди алюминий шавад, ки бо зиёнҳои молии фаровон ҳамроҳ хоҳад буд.