Баргузории интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i68980
Интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон дар Тоҷикистон оғоз шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 18, 2021 10:30 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон
    Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон

Интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон дар Тоҷикистон оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Тоҷикистон гуфт : Сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон аз соъати 8 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд .
Ӯ афзуд : Тамоми тадбирҳои лозим барои баргузории сездаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар кишвари Тоҷикистон андешида шудааст .

Бино бар иттилоъияи сафоратхонахои Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Тоҷикистон шаҳрвандони эронӣ метавонанд бо ҳузур дар ду шуъбаи овоздеҳӣ дар маҳаллҳои сафорати Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Роғун дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрӣ ширкат кунанд. Ҳамроҳ доштани асли шиноснома ва картаи миллӣ ё асли гузарномаи муътабари эронӣ ҳам барои ширкат дар интихобот зарурӣ аст .