Вуруди 300 ҳазор дозаи ваксинаи чинии корона ба Тоҷикистон
(last modified Mon, 21 Jun 2021 04:33:42 GMT )
Июн 21, 2021 09:33 Asia/Dushanbe
  • Вуруди 300 ҳазор дозаи ваксинаи чинии корона ба Тоҷикистон
    Вуруди 300 ҳазор дозаи ваксинаи чинии корона ба Тоҷикистон

300 ҳазор дозаи ваксинаи корона аз навъи Синовак ба унвони кумаки ройгони давлати Чин вориди тоҷикистон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикиии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар маросими таҳвили ин маҳмула  аз ваксинаи корона Матлубахон Сатториён муовини нахуствазир, Ҷамолиддини Абдуллозода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салимӣ ва сафири Чин дар Душанбе  ширкат карданд.

Инчунин ҳамроҳ бо ин маҳмула тарафи Чин 300 ҳазору 800 адад сӯзандоруи ройгон низ ба Тоҷикистон ирсол кард.

Ҳукумати Тоҷикистон низ бо ирояи барномаи миллии мубориза бо бемории Ковиди 19 аз тарҳи тазриқи ваксинаи корона ба 62 дарсади аз ҷамъияти болои 18 соли ин кишвар хабар додааст.

Дар Тоҷикистон то ба имрӯз ба 116 ҳазор нафар дозаи нахуст ва 15 ҳазору 34  нафар  дозаи дувуми ваксинаи корона тазриқ шудааст.

Қабл аз ин Тоҷикистон бо кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ 192 ҳазор доза аз ваксинаи Астразенека оксфордро дарёфт кард, ки ба кадри дармонӣ, муаллимон ва афроди солхӯрда тазриқ шуд.

 

Бештар бихонед: