Хушбинии коршиноси тоҷик ба густариши равобити Тоҷикистон ва Эрон дар даврони ҷадид
(last modified Mon, 21 Jun 2021 07:34:38 GMT )
Июн 21, 2021 12:34 Asia/Dushanbe
  • Хушбинии коршиноси тоҷик ба густариши равобити Тоҷикистон ва Эрон дар даврони ҷадид
    Хушбинии коршиноси тоҷик ба густариши равобити Тоҷикистон ва Эрон дар даврони ҷадид

Таҳлилгари тоҷик ба густариши равобити Тоҷикистон ва Эрон дар даврони раёсати ҷумҳурии Саидиброҳим Раисӣ ибрози хушбинӣ кард.

Гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ва ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Рашид Ғании Абдуллоҳ дар таҳлиле бо баррасии равобити Тоҷикистон ва Эрон тайи наздик ба 30 соли ахир бо ишора ба талошҳои оғозшуда барои тақвияти ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи мақомоти ду кишвар гуфтааст, ки ин муносибот дар даврони раёсати ҷумҳурии ҷадиди Эрон беш аз пеш тақвият хоҳад шуд.

Вай мӯътақид аст, ки Тоҷикистон дар солҳои иҷроӣ шудани Барҷом   бо таваҷҷӯҳ ба омилҳои мухталиф тавони истифода аз иқтидори сармоягузории Эронро дар иқтисоди худ надошт ва интизориҳои ҷалби манобеъи молӣ аз кишварҳои арабии ҳаммарз бо Халиҷи Форс иҷро нашудааст.

Ҳамчунин бо афзоиши умедҳо барои ба натиҷа расидани музокироти Вена ва бардошта шудани таҳримҳои Амрико  алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон акнун мавзӯи бозгашти дубораи равобити Душанбе ва Теҳрон ба сатҳи сол то 2013 вуҷуд дорад, ки муомилоти бозаргонӣ ду кишвар ба 200 миллион доллар дар сол мерасад.

Ба гуфтаи Рашид Ғании Абдуллоҳ афзоиши таҳаррукоти Туркия  дар минтақаи Қафқози ҷануби Тоҷикистонро водор мекунад, ки барои кумак ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ бо Эрон  ҳамкорӣ наздик дошта бошад. Муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ ва динии мардумони ду кишвари Тоҷикистон ва Эрон  беҳтарин  замина барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба хоҳад буд.

 

Бештар бихонед: