Октябр 30, 2016 19:35 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон: Хоҳони ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар бахши обу энержӣ ҳастем

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими оғози сохти садди нерӯгоҳи "Роғун", бар омодагӣ ва алоқамандии Душанбе ҷиҳати ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар бахши обу энержӣ таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими оғози амалиёти сохти садди нерӯгоҳи "Роғун" дар 110 километрии пойтахти ин кишвар, бар алоқамандии кишвараш ҷиҳати ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар бахши обу энержӣ таъкид кард.

Вай бо ишора ба собиқаи ҳамзистии муштараку мусолиматомези мардуми Осиёи Марказӣ гуфт, Тоҷикистон аз нахустин солҳои касби истиқлол ҳамкориҳои минтақаӣ, ба хусус бо кишварҳои ҳамсояро яке аз авлавиятҳои муҳими сиёсати хориҷии худ таъйин кардаву муътақид аст, ки чунин рӯйкарде метавонад танҳо роҳи ҳалли ҳар гуна мушкиле дар ин минтақа бошад.

 Раҳмон дар бахши дигаре аз суханони худ, дар хитоб ба миллатҳои Осиёи Марказӣ изҳор дошт: "Мардуми тоҷик дар тӯли қарнҳо бо ҳамсояҳои худ дар фазое ором ва ҳамроҳ бо ҳусни тафоҳуму ҳамкорӣ зиндагӣ кардаанду бо итминони комил иброз медорам, ки Тоҷикистон бо пайбандӣ ба ин суннати неки ниёкони худ, ҳеч гоҳ ва ба ҳеч унвон ҳамсояҳои худро аз об маҳрум нахоҳад кард".

Вай афзуд, илова бар ин, Тоҷикистон омодагӣ дорад, ки бо ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ пружаи таъмини оби ошомиданӣ барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз кӯли "Сарез"-ро амалӣ кунад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хос ба иртиботи кишвари худ бо Ӯзбакистон, ки то чанде пеш аз мухолифони аслии сохти нерӯгоҳи "Роғун" буд, ишора карду гуфт: "Дар ҳоли ҳозир Душанбеву Тошканд дар заминаҳои мутақобилан судманд ва ба хусус обу энержӣ, ҳамлу нақл ва сойири бахшҳо, ҳамкориҳои наздике барқарор кардаанд ва итминони комил дорем, ки тамоми масоили байниҳамдигариро дар фазое саршор аз ҳусни ният ва бо дар назар гирифтани манофеи ду миллат, ҳаллу фасл хоҳем кард.

Эмомалӣ Раҳмон дастёбӣ ба истиқлоли энержиро аз аҳдофи роҳбурдии давлати Тоҷикистон унвон карду афзуд, бидуни сохти нерӯгоҳи "Роғун" иҷрои ин кор ғайримумкин буд.

Дар ин маросим раиси ҷумҳурии Тоҷикистон савори яке аз булдозерҳо шуд ва дар масдуд кардани маҷрои рӯди Вахш ҷиҳати сохти сад саҳим гардид.

Садди ин нерӯгоҳ 335 метр баландӣ хоҳад дошт, ки баландтарин садди сангиву хокӣ дар ҷаҳон хоҳад буд. Зарфияти тавлиди солонаи барқи нерӯгоҳи "Роғун" 3600 мегават (беш аз 17 миллиард киловат соат) пешбинӣ мешавад.

Ин сад аз сӯйи ширкати итолиёии "Салини Импраҷило", ки дар муноқисаи байналмилалӣ пирӯз шуд, бунёд хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир дар пружаи сохти ин нерӯгоҳ ҳудуди 15 ҳазор нафар мутахассису коргар ва беш аз 1000 дастгоҳу таҷҳизот фаъолият мекунанд.

Нахустин турбин аз 6  турбини "Роғун" дар моҳи декабри соли 2018 оғоз ба тавлиди барқ хоҳад кард ва зарфияти ниҳоии ин нерӯгоҳ дар соли 2024 такмил хоҳад гардид.

 

Барчасп