Тавзеҳи Кумитаи дини Тоҷикистон дар бораи ваксинаи корона
(last modified Fri, 25 Jun 2021 15:00:54 GMT )
Июн 25, 2021 20:00 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳи Кумитаи дини Тоҷикистон дар бораи ваксинаи корона

Сухангӯи Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон овозаҳо дар бораи мамнӯияти вуруди афродеро, ки ваксинаи корона тазриқ накардаанд, ба масоҷиди ин кишвар такзиб кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Афшини Муқим гуфтааст, ки паҳн кардани овозаҳо дар бораи мамнуъ будани афроде, ки ваксинаи корона тазриқ накардаанд, ба масоҷиди Тоҷикистон беасос мебошад.

Вай таъкид кардааст, ки имомони масоҷид танҳо аз намозгузорон дархост мекунанд, ки довталабона ваксинаи корона тазриқ кунанд ва метавонанд ин корро дар наздиктарин марокизи дармонӣ ба ин маконҳои ибодӣ анҷом диҳанд.

Тайи рӯзҳои ахир дар бархе аз расонаҳои хабарии дохилии Тоҷикистон ин матлаб мунташир шудааст, ки аз вуруди афроде, ки ваксинаи корона тазриқ накардаанд, ба масоҷиди ин кишвар ҷилавгирӣ мешавад, аммо сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки чунин тасмиме дар ситоди муқобила бо вируси коронаи ин кишвар гирифта нашудааст ва ба намозгузорон тавсия мешавад, ки ваксинаи корона тазриқ кунанд, ки барои ҳифзи саломатии онон муҳим мебошад.

Аз сӯйи дигар, дар пайи густариши дубораи вируси корона дар Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии ин кишвар эълом кард, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши бемории Ковид – 19, аз рӯзи 24 июни соли ҷорӣ тазриқи ваксинаи корона ба афроди болои 18 сол дар шаҳри Душанбе оғоз шудааст.

 

Бештар бихонед: