Тоҷикистон 134 низомии афғониро ба кишварашон бозгардонд
(last modified Sat, 26 Jun 2021 07:51:58 GMT )
Июн 26, 2021 12:51 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон 134 низомии афғониро ба кишварашон бозгардонд
    Тоҷикистон 134 низомии афғониро ба кишварашон бозгардонд

Мақомоти Тоҷикистон эълом карданд 134 низомии афғониро, ки дар пайи ҳамлаи гурӯҳи Толибон рӯзи 22 июни соли ҷорӣ ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, ба кишварашон бозгардондаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Порсо Тиҷӣ, ба ҳамроҳи онон  ду низомии захмии Афғонистонӣ, ки дар бемористони ноҳияи Ҷайҳун таҳти дармон  қарор доштанд, ба кишварашон бозгардонда шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон ба ба таври комил баста шудааст.

Иртиботи заминӣ аз тариқи пуле, ки Бандар Ширхон дар вилояти Қундузи Афғонистон бо Хатлони Тоҷикистонро мепайвандад,  қатъ шудааст.

Бандари Ширхон дар вилояти Қундузи Афғонистон як нуқтаи муҳимми тиҷорӣ бо вилояти Хатлони Тоҷикистонро барқарор мекард низ қатъ шудааст.

Бандари Шерхон як нуқтаи муҳими тиҷорӣ, боргирӣ ва интқоли маҳмулаҳои байни Тоҷикистон  ва Афғонистон ва Покистон буда ва бахши муҳимме аз воридоти колоҳои кишварҳои ҷануб ва ҷануби шарқии Осиё ба Тоҷикистон аз тариқи он анҷом мешавад .Аз сӯи дигар  расонаҳои хабарии Узбекистон низ эълом карданд, ки ин кишвар  53 марзбонии афғониро, ки дар пайи ҳамлаи Толибон  рӯзи 23  июни соли ҷорӣ ба қаламрави Узбекистон паноҳ оварда буданд, ба кишварашон бозгардондаанд.

 

Бештар бихонед: