Июн 26, 2021 17:03 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобити Тоҷикистону Русия дар заминаи иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати электронӣ

Равобити Тоҷикистону Русия дар заминаи иқтисоди рақамӣ,  тиҷорати электронӣ ва навоварӣ тавсеъа меёбад.

Ба гузориши сомонаи вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иктисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия дар фазои дӯстиву рафоқат баргузор гардида, дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иктисодӣ миёни Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия дар доираи созмони номбурда, инчунин робитаҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳо баҳри таъмини афзоиши гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла мубодилаи рӯйхати молҳои таҳвили тарафайн, баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия, таҳия ва таҳкими хамкории байниминтақавӣ дар доираи созишномаҳои баимзорасида, чорабиниҳо оид ба мубодилаи таҷриба байни мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи рушди савдои рақамӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар таҳияи пешгӯиҳои баландсифат, такмил додани механизмҳои мавҷудаи моделсозӣ ва истифодаи моделҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъсис додани корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Барчасп