Сохти мустанади “Дарахти дӯстӣ” дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 26 Jun 2021 13:44:44 GMT )
Июн 26, 2021 18:44 Asia/Dushanbe

“Дарахти дӯстӣ” номи мустанаде аст, ки Дилошӯб Орифзода, филмсози тоҷик онро сохтааст.

Сохти ин мустанад пеш аз бурӯзи танишҳои марзӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон оғоз шуд.

Орифзода мегӯяд, ҳадафи филм нишон додани зиндагии ду оилаи қирғизу тоҷик ва соҳибэҳтиром будани сарварони ин оилаҳо дар байни ду миллат ва дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ намудани мардуми оддӣ аст. Ӯ гуфт, ду қаҳрамони филм – яке қирғизи тоҷикистонӣ ва дигаре тоҷики қирғизистонӣ дар лаҳзаҳои ҳассоси муноқишаҳои марзӣ ранҷ мекашанд ва хосторӣ ҳарчӣ зудтар хотима ёфтани муноқишаҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд.