Феврал 14, 2024 19:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории синамоии Эрону Тоҷикистон баррасӣ шуд
    Ҳамкории синамоии Эрону Тоҷикистон баррасӣ шуд

Муҳаммади Ҳамидимуқаддам дар дидор бо синамогарони аҳли Тоҷикистон бар зарурати таҳкими равобит ва тамаркуз бар забону фарҳанг, ба унвони аносири муштарак байни ду миллат таъкид кард.

Синамогарони аҳли Тоҷикистон, ки барои ҳузур дар чиҳилудуюмин ҷашнвораи филми Фаҷр ба Эрон сафар карда буданд, имрӯз - сешанбе бо Муҳаммади Ҳамидимуқаддам, мудири Маркази густариш дидор карданд.

Муҳаммадсаиди Шоҳиён, мудири «Тоҷикфилм», Усмон Юсуфов, таҳиякунандаи «Тоҷикфилм», Заур Дахте, филмбардори шинохтаи синамои Тоҷикистон (Филмбрдори филми «Рустаму Суҳроб»), Акмал Абдуллоҳзода, дабири Ҷашнвораи филми Душанбе ва Муҳиддини Музаффар, коргардони синамо дар ин дидор ҳузур доштанд.

Дар оғози ин дидор Ҳамидимуқаддам зимни тавзеҳ дар бораи ҷойгоҳи синамои мустанад дар Эрон гуфт: Маркази густариш, мутаваллии ҷиддии тавлиди мустанаду анимейшен дар Эрон аст, бисёре аз коргардонҳои синамои Эрон дар ин марказ филм сохтаанд, синамои мустанади Эрон бисёр ғанӣ аст, филмсозони бузурге дар ин ҳавза кор кардаву осори мондагоре халқ кардаанд, ки дар таърихи синамо ба ёдгор боқӣ мондааст.

Вай афзуд: Забони форсӣ меросу ҳувияти муштараки мост ва чӣ хуб аст, ки дар заминаи сохти осоре бар пояи ин меросу ишқи муштарак, ҳамкорӣ кунем, таҷрибае, ки Маркази густариш ба унвони мутаваллии баргузории ҳафдаҳ давраи ҷашнвораи «Синамои Ҳақиқат» дошта, метавонад барои Шумо муфид бошаду заминаи баргузории ҷаласоти питчинг, коргоҳҳои омӯзишӣ ва . . . ро фароҳам кунад.

Ӯ гуфт: Кашфи истеъдод, ҳимоят аз синамогарони ҷавони минтақа ва тавлиди муштарак аз аҳдофу авлавиятҳои ҷиддии мост, умедворам дар ҷашнвораи «Синамои Ҳақиқат» мизбони донишҷӯёни синамои Тоҷикистон ва ҷавонони алоқаманд ба мустанадсозӣ дар ҷаласоти кашфи истеъдоду коргоҳҳои омӯзишӣ ва ироаи тарҳ бошем.

Дабири ҷашнвораи «Синамои Ҳақиқат» дар бахши дигаре аз ин ҷаласа гуфт: Ҷашнвораи филми «Тоҷи Сомон» ва ҷашнвораи «Синамои Ҳақиқат» метавонанд ҳамкориҳои муштараке дошта бошанд ва дар ростои муаррифиву тақвияти фарҳангу забони форсӣ гом бардоранд.

Ҳамидимуқаддам афзуд: Мо то 2 моҳи дигар давраи омӯзиши онлайни мустанадсозиро бо ҳузури устодони барҷастаи синамои мустанад роҳандозӣ мекунем, ин масир метавонад байни ду кишвар ба роҳандозии як мактаби филмсозии муштарак кумак кунад то таҷрибиёти мустанадсозони эрониву тоҷик  ба якдигар мунтақил шавад.

Муҳаммадсаиди Шоҳиён, мудири муассисаи «Тоҷикфилм» - бузургтарин ниҳоди синамоии Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласа ҳузур дошт, гуфт: Таҷрибаи ҳузур дар ҷашнвораи филми Фаҷр бароями ҷаззоб буд. Мо дар Тоҷикистон имконоту фурсатҳои филмсозӣ дорем, ки дар канори Шумо, бо тавваҷуҳ ба решаҳои муштараки фарҳангӣ, метавонад ба густариши тавлиди филму сириали мустанаду достонӣ мунҷар шавад.

Шоҳиён афзуд: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба унвони яке аз ҳалқаҳои пайванди мо, ҳамаи инсонҳоро ба худшиносиву бозгашт ба ҳувият даъват мекунад, мо ин мазмуни ҷаҳоншумулу мутаолиро бояд дар осори синамоӣ, мустанаду анимейшен барҷаста кунем ва рӯи «Шоҳнома» кор кардаем ва умедворем битавонем дар канори Шумо ин идеяҳоро густариш додаву амалитар кунем.

 

Барчасп