Сохти мустанад бо мавзуъи кушташудагони даргирии марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон
(last modified Mon, 13 Feb 2023 13:21:34 GMT )
Феврал 13, 2023 18:21 Asia/Dushanbe
  • Сохти мустанад бо мавзуъи кушташудагони даргирии марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон
    Сохти мустанад бо мавзуъи кушташудагони даргирии марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Муассисаи давлатии Тоҷикфилм мустанади дар бораи кушташудагони даргирии марзи сохт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муассисаи давлатии Тоҷикфил мустанади дар бораи 17 низомие, ки дар даргириҳои марзи бо Қирғизистон кушта шуданд тавлид карда аст.

Муҳаммадсаид Шоҳин сарпарасти Тоҷикфилм дар нишасти хабарии худ аз ин мавзуъ хабар дод.

Ба гуфтаи вай ин мустанад омода аст ва дар рузҳои оянда аз телевизиони давлати пахш хоҳад шуд, пеш аз ин мақомоти Тоҷикистон чандин маҳала ва мактабро ба номи сарбозони кушташуда номгузори карда буданд.

Соли гузашта парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи ҳифзи ёду хотираи кушташудагони муҳофизи ватанро тасвиб кард, ки ҳадафи он гиромидошти ёду хотираи ҷонбохтагон ҳангоми дифоъ аз ватан ва посдорои аз сохтори қонуни асосии кишвар ва анҷоми таъаҳуди байналмилали аст.

Даргирии марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 17 то 18 сенятбри соли 2022 рух дод наздик ба 100 сарбоз, афсар ва сокинони маҳали кушта шуданд.