Оғози бозсозии роҳи Қизилқалъа ба Бохтар аз  авалҳои июли соли ҷорӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i69512-Оғози_бозсозии_роҳи_Қизилқалъа_ба_Бохтар_аз_авалҳои_июли_соли_ҷорӣ
Бозсозии роҳи роҳи Қизилқалъа ба Бохтар дар масири Душанбе то маркази вилояти Хатлон аз авалҳои июли имсол оғоз мешавад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 26, 2021 18:52 Asia/Dushanbe
  • Оғози бозсозии роҳи Қизилқалъа ба Бохтар аз  авалҳои июли соли ҷорӣ

Бозсозии роҳи роҳи Қизилқалъа ба Бохтар дар масири Душанбе то маркази вилояти Хатлон аз авалҳои июли имсол оғоз мешавад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ин роҳи 10 километрӣ бо кумаки 31 миллиондолларии Ҷопон бозсозӣ хоҳад шуд.

Муддати иҷрои ин тарҳ 23 моҳ таъин шуда, ки шомили васеъ кардани роҳ ва таъмини амнияти васоили нақлия ва мусофирон аст.

Тули масири Душанбе ба Бохтар низ 98 километр аст, ки 40 километри он бо кумаки 90 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё бозсозӣ хоҳад шуд.

Ин масир то ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва гузаргоҳи марзии Панҷ дар наздикии Бандари Шерхон дар вилояти Қундӯзи Афғонистон идома дорад.

Ҳазинаи куллии бозсозии ин роҳ 107 миллиондоллар эълом шуда, ки бахше аз ин маблағро Тоҷикистон таъмин мекунад.

Бештар бихонед: