Оғози бозсозии роҳи Қизилқалъа ба Бохтар аз авалҳои июли соли ҷорӣ
Бозсозии роҳи роҳи Қизилқалъа ба Бохтар дар масири Душанбе то маркази вилояти Хатлон аз авалҳои июли имсол оғоз мешавад.
Ба гузориши сомонаи Спутник, ин роҳи 10 километрӣ бо кумаки 31 миллиондолларии Ҷопон бозсозӣ хоҳад шуд.
Муддати иҷрои ин тарҳ 23 моҳ таъин шуда, ки шомили васеъ кардани роҳ ва таъмини амнияти васоили нақлия ва мусофирон аст.
Тули масири Душанбе ба Бохтар низ 98 километр аст, ки 40 километри он бо кумаки 90 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё бозсозӣ хоҳад шуд.
Ин масир то ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва гузаргоҳи марзии Панҷ дар наздикии Бандари Шерхон дар вилояти Қундӯзи Афғонистон идома дорад.
Ҳазинаи куллии бозсозии ин роҳ 107 миллиондоллар эълом шуда, ки бахше аз ин маблағро Тоҷикистон таъмин мекунад.
Бештар бихонед:
- Сохти маркази нигаҳдории кӯдакони маъюб бо кумаки молии Ҷопон дар шаҳри Хуҷанд
- Сохти ду мактаб дар Тоҷикистон бо кумаки Ҷопон