Дидори вазири дифои Туркия бо раиси ҷумҳӯри Тоҷикистони дар шаҳри Душанбе
Вазири дифои Туркия гуфт : Тоҷикистон кишвари дӯст, бародар ва шарики муҳими Туркия дар Осиёи Марказӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Хулусӣ Акар ин матлабро дар нишасти хабарии пас аз дидор бо раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баён кард.
Вазири дифои Туркияи дидор бо раиси ҷумҳӯри Тоҷикистонро бисёр муҳим донист ва афзуд : Ин ҷаласа бисёр натоиҷи хубе дошт ва дар оянда самароти он мушаххас хоҳад шуд .
Вай ҳамчунин гуфт : Ин мулоқот фурсати муфиде барои ошноӣ бо дидгоҳҳои шахсии раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар мавриди масоили минтақаӣ буд .
Ба гуфта вазири дифои Туркия раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар ин мулоқот назароту таҳлилҳои худро дар мавриди масоили рӯз баён ва пешниҳодҳое дар бораи ояндаи Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи миёна ироа кард .
Хулусӣ Акар изҳор кард дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ раиси ҷумҳӯри Туркияро даъват кард, ки ба Тоҷикистон сафар кунад .
Ӯ идома дод қарор аст дар ояндаи наздик Раҷаб Тайиб Ардуғон ба Тоҷикистон сафар кунад.
Хулусӣ Акар ҳамчунин иброз итминон кард, ки дидорҳои сарони ду кишвар ангезаи тозае барои тавсеъаи бештари ҳамкории байни вазоратхонаҳои дифо эҷод кунад.
Бештар бихонед :