Таъкиди Вашингтон ва Душанбе бар тавсеъаи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ
(last modified Sat, 03 Jul 2021 12:35:35 GMT )
Июл 03, 2021 17:35 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Вашингтон ва Душанбе бар тавсеъаи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ

Дар нишасти иқтисодӣ ва тиҷории Амрико ва Тоҷикистон бар зарурати тавсеъаи ҳамкорӣ дар ин заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъкид шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмати иқтисодӣ ва энергетикии машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амрикоро дар шаҳри Вашингтон якҷо бо муовини ёрдамчии котиби давлатии ИМА оид ба иқтисод ва тиҷорат Мэтт Марри раисӣ карда, масъалаҳои истифодаи пурраи имкониятҳои савдо ва сармоягузории дуҷониба, ҳамгироии минтақавӣ, пешгирии тағйирёбии иқлим ва муҳити зист, коронавируси COVID-19 ва тандурустиро бо ҷониби ИМА муҳокима намуданд.

Бино ба навиштаи манбаъ, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷиҳати истифодаи имкониятҳои васеи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории ИМА барои манфиатҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон дар самтҳои сафарбар намудани дастгириҳои молиявию техникии иловагӣ, аз ҷумла тавассути USAID ва Эксимбонки ИМА, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергияи сабз, пешгирии тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ, ҳифзи хуқуқи моликияти зеҳнӣ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва ҳифзи тандурустиву иҷтимоии аҳолӣ ва аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда корҳоро тақвият медиҳанд.

Дар робита ба ин иттилоъ дода шуд, ки соҳаҳои энергетика, саноати истихроҷи маъдан, нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва маҳсулоти он, инчунин сайёҳӣ ва бонкдорӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи махсуси сармоягузорони ИМА ба ҳисоб рафта, пешниҳод гардид, ки ҳамкорӣ дар ин замина бо мақсади тавсеа ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шаванд.

Инчунин зикр  гардид, ки кумаки USAID дар ҳаҷми 46,5 млн. доллар барои Тоҷикистон дар соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон мусоидати ИМА-ро ҷиҳати ба кишвар ҷудо намудани ваксинаҳои намуди «Pfizer» ва «Moderna» хоҳиш намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳаматарафаи  ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва истифодаи самараноки  он  изҳор намуданд.

Бештар бихонед: