Июл 04, 2021 11:48 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти байналмиллалии шино дар Тоҷикистон

Ба муносибати фаро расидани сиюмини солгарди истиқлоли Тоҷикистон мусобиқоти шино баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқот дар толори варзишии шаҳри Душанбе баргузор шуд .
Дар ин рақобатҳо дар канори шиногарони тоҷик варзишкороне аз Русия ва Узбекистон дар масофатҳои 50 метр, 100 метр, 200 метр ва 400 метри озод ва риштаҳои қурбоқа, кроли пушт ва парвона бо ҳам рақобат карданд .
Масъули баргузории мусобиқот ҳам Шерзод Инагомов-довари байналмилалии узбекистонии Федерасиюни ҷаҳонии шино буд.
Дар ин мусобиқот варзишкорони русӣ бо касби 13 нишони тилло, 7 нуқра, 5 биринҷӣ  мақоми аввали тимиро касб карданд .
Тими Узбекистон ҳам бо касби 9 нишони тилло 11 нуқра ва 5 биринҷӣ  дар ҷойгоҳи дувуми тимӣ қарор гирифт .
Шиногарони тоҷикистонӣ низ тавонистанд 1 нишони тилло, 5 нуқра ва 13 биринҷӣ ба даст оранд ва ҷойгоҳи сеюми тимии мусобиқотро аз они худ кунанд .
Дар ҳошияи ин мусобиқот мақомоти Федерасиюни шинои Тоҷикистон ва Узбекистон ҳам тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
 


Бештар бихонед :

 

Барчасп