Таъкиди Путин бар ҳимоят аз Тоҷикистон
-
Таъкиди Путин бар ҳимоят аз Тоҷикистон
Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои тоҷикистонии худ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъияти манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон, ба омодагии Маскав барои ироаи ҳимоят аз Душанбе дар баробари таҳдидҳо таъкид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Дафтари матбуотии Кремл рӯзи душанбе эълом кард: Путин ва Раҳмон дар бораи вазъияти душвори Тоҷикистон ва Афғонистон ботаваҷҷӯҳ ба ташдиди даргириҳо дар Афғонистон, бавижа дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон гуфтугӯ карданд.
Путин бар омодагии Русия барои ироаи кумакҳои лозим ба Тоҷикистон дар чорчӯби дуҷониба ва низ дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти ҷамъӣ таъкид кард.
Раҳбарони Русия ва Тоҷикистон ҳамчунин бар азми мутақобил барои таҳкими равобити дуҷониба ва мушорикати роҳбурдӣ ва иттиҳоди ду кишвар таъкид карданд.
Ду тараф тавофуқ карданд, ки ба тамосҳои ду кишвар дар сутӯҳи мухталиф идома диҳанд. Як манбаи огоҳ дар Комитети амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи душанбе ба РИА Новости гуфт, ки гурӯҳи Толибон дар ҳоли ҳозир беш аз 70 дарсади хатти марзии Афғонистон бо Тоҷикистонро таҳти назорат дорад.
Бар асоси гузориши расонаҳо, беш аз 300 нафар аз нерӯҳои давлатии Афғонистон бо ақабнишинӣ дар баробари Толибон ба Тоҷикистон гурехтаанд.
Мақомҳои рус дар ҳафтаҳои ахир бо оғози хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон, нисбат ба ташдиди фаъолияти террористҳо дар ин кишвар ва хатари он барои кишварҳои Осиёи марказӣ ҳушдор додаанд.
Бар асоси гузориши расонаҳо, нерӯҳои амрикоӣ аз моҳи май хурӯҷ аз Афғонистонро оғоз кардаанд ва қарор аст то рӯзи 11 моҳи сентябр ба истиснои 650 нафари ҳамаи низомиёни Амрико хоки ин кишварро тарк кунанд.
Генерал Владимир Шаманов раиси камиссиюни дифои думои Русия гуфт: Дар сурате, ки Тоҷикистон аз сӯи Афғонистон таҳдиид амниятӣ шавад, Русия ба Душанбе кумак хоҳад кард.
Шаманов гуфт: Русия дар чорчӯби таъаҳҳудоти худ дар Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ дар сурате, ки Тоҷикистон аз Афғонистон таҳдиди террористӣ шавад, кумакҳои лозимро дар ихтиёри ин кишвар қарор медиҳад. Вай илова кард: "Дар сурате, ки бо хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон, Тоҷикистон аз тарафи ин кишвар таҳдиди амниятӣ шавад, ба таври ҳамаҷониба ба ин кишвар кумак мекунем."
Шаманов бо баёни инки бо шуракои худ дар мавриди таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон гуфтугӯ кардем, изҳор дошт: Раҳбарии Тоҷикистон дар ин маврид ибрози нигаронии шадид накардааст.
Бештар бихонед: