Июл 06, 2021 16:22 Asia/Dushanbe
  • Интишори дубораи мақолаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Эрон

Мақолаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Эрон бознашр шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, мақолаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо номи “20 соли ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай, ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ” ба муносибати фаро расидани бистумин солгарди таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай бознашр шуд.

Дар ин мақола таърихи ташкили Созмони Шанхай, ҷойгоҳи он дар таҳаввулоти геополитикии ҷаҳон ва авлавиятҳои раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар созмони Шанхай баррасӣ шудааст.

Ин мақола ба ду забони форсӣ ва англисӣ дар Эрон бознашр шуд.

Аввалин бор мақолаи раисиҷумҳури Тоҷикистон 4 июл дар рӯзномаи “Iran News” ба забони англисӣ ва дар 5 июл дар рӯзномаи “ Осиё” ба забони форсӣ чоп шуд.

Тоҷикистон раёсати давраии Созмони Ҳамкории Иқтисодии Шанхайро дар соли 2021бар уҳда дорад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп