Дидори сафири Тоҷикистон дар Кобул бо мушовири амнияти миллии раисиҷумҳури Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i70060-Дидори_сафири_Тоҷикистон_дар_Кобул_бо_мушовири_амнияти_миллии_раисиҷумҳури_Афғонистон
Мақомоти Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг ва ҳалли мушкилоти Афғонистон аз тариқ музокира ҳастанд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июл 06, 2021 16:51 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон дар Кобул бо мушовири амнияти миллии раисиҷумҳури Афғонистон

Мақомоти Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг ва ҳалли мушкилоти Афғонистон аз тариқ музокира ҳастанд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг ва ҳалли қазияи Афғонистон аз роҳи музокирот аст. Ин нуктаро 5 июл дар Кобул сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ зимни мулоқот бо мушовири амнияти миллии Афғонистон Ҳамдуллоҳ Муҳиб тазаккур дод.

Бино ба навиштаи манбаъ, дар мулоқот вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Сафири Тоҷикистон таъкид кард, ки дар шароити кунунӣ масъалаи таъмини амният дар сарҳад ва вазъияти амниятии Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Тоҷикистон қарор дорад.