Июл 09, 2021 18:28 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобити дуҷониба меҳвари дидори мақомоти Эрону Тоҷикистон

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо муовин аввали вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе ва Хусрав Нозирӣ, муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо якдигар мулоқот карданд.

Дар ин дидор густариши равобити дуҷониба байни Эрону Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф баҳсу баррасӣ шуд.

Ду тараф ҳамчунин дар мавриди ҳамкории Теҳрону Душанбе дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули назар карданд.

 

Барчасп