Шаҳри Душанбе мизбони ҷашнвораи ғизоҳои миллии аъзои СҲШ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i70258-Шаҳри_Душанбе_мизбони_ҷашнвораи_ғизоҳои_миллии_аъзои_СҲШ
Ҷашнвораи ғизоҳои миллии аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июл 10, 2021 16:42 Asia/Dushanbe
  • Шаҳри Душанбе мизбони ҷашнвораи ғизоҳои миллии аъзои СҲШ

Ҷашнвораи ғизоҳои миллии аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ҷаласаи видеоконфронсӣ, коршиносони ҳавзаи гардишгарии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.

Дар ин нишасти маҷозӣ эълом шуд, ки ҷашнвораи ғизоҳои маҳаллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай 15 июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ҳамчунин дар ин нишаст коршиносон дар бораи тавсеъа ва эҳдоси масирҳои муштараки ҷадиди гардишгарӣ дар даврони шуюи корона баҳсу табодули назар карданд.