Ноябр 01, 2016 12:39 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тарҳи бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи обии

Вазири молияи Тоҷикистон ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ тарҳи бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи обии "Норак"-ро баррасӣ карданд.

Ба гузориши дабирхонаи Вазорати молияи Тоҷикистон, Абдусаломи Қурбониён дар дидор бо Патрисия Виверс Картер, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар бораи тарҳи ҷадиди ҳукумати ин кишвар дар заминаи бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи обии "Норак" ва ислоҳот дар сохтори ширкати давлатии "Барқи тоҷик" баҳсу табодули назар кард.

Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ин теъдоде аз турбинаҳои нерӯгоҳи обии "Норак"-ро, ки беш аз 40 сол боз мавриди истифода буд, иваз кардааст.

Бо ин ҳол, эълом шуда, ки барои бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ ба 600 миллион доллар сармоя ниёз аст.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамакнун дар ҳоли музокира бо Бонки Рушди Исломӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо, Бонки сармоягузории зербиноии Осиё ва Бонки рушди АвруОсиё аст то ин сармояро ҷазб кунад.

Гуфта мешавад, ки умдаи таҷҳизоти ин нерӯгоҳ сохт кишвари Украина аст.

Нерӯгоҳи обии "Норак" 70 дарсад аз барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад.

Ин нерӯгоҳ бо тавони тавлиди беш аз 3 ҳазор мегават барқ, бо садди 300 метрӣ дар 110 километрии шарқи Душанбе воқеъ шудааст.

Ба андешаи коршиносон, садамаи ахир дар нерӯгоҳи обии "Норак", ки муҷиби қатъи барқи саросарӣ дар Тоҷикистон шуд, мақомоти давлатиро водор кардааст, ки дар бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ шитоб кунанд.