Июл 12, 2021 14:58 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири умури хориҷаи Покистон ба Тоҷикистон

Вазири умури хориҷаи Покистон барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷаи Созмони Ҳамкории Шанхай роҳии Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дар ин сафари расмии 3 рӯза дар ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷаи Созмони Ҳамкории Шанхай суханронӣ хоҳад кард.

Вазири умури хориҷаи Покистон дар ҳошияи ин нишаст бо вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Афғонистон, Русия ва Чин дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Қурайшӣ ҳамчунин дар ҷаласаи Гурӯҳи Тамос бо Афғонистон дар Тоҷикистон ширкат хоҳад кард ва дар он дидгоҳҳои Покистон дар мавриди раванди сулҳи Афғонистон, тағйири вазъият дар минтақа ва иртиқои ҳамкориҳои минтақаиро ироа медиҳад.

Дидор бо раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар дастури кори Қурайшӣ қарор дорад.

Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон - аъзои доимии Созмони Ҳамкории Шанхай ҳастанд ва Эрон, Беларус, Покистон, Ҳинд ва Афғонистон низ ба унвони узви нозир бо ин созмон ҳамкорӣ мекунанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп