Июл 12, 2021 19:03 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар ин гуфтугӯи телефонӣ роҳҳои тавсеаи муносиботи дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Тарафайн дар ин гуфтугӯ дар бораи масоили Афғонистон ҳам табодули назар карданд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин гуфтугӯ аз танишҳову мушкилоти манотиқи Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Раҳмон ҳамчунин аз раиси ҷумҳурии Озарбойҷон даъват кард, ба Тоҷикистон сафар кунад.

 

Бештар бихонед: