Июл 12, 2021 21:18 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон

Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз афзоиши қимати барқ дар соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Далер Ҷумъа дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: Аз соли 2019 дар Тоҷикистон қимати барқ афзоиш наёфта ва имсол нархи ҳар киловат соат барқ барои бахши хонагӣ байни 7 то 10 дирам афзоиш хоҳад ёфт.

Ин дар ҳоле аст, ки тайи 10 соли ахир қимати ҳар киловат соат барқи бахши хонагӣ аз 9 дирам дар соли 2010 ба 22. 6 дирам дар соли 2019 расид.

Мақомоти Тоҷикистон далели афзоиши дубораи қимати барқ дар кишварро дархости ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ эълом мекунанд.

Онҳо мегӯянд, яке аз шароити пардохти воми ниҳодҳои молӣ ба Тоҷикистон афзоиши қимати барқ дар бахшҳои мухталиф аст.

Ҳамчунин мавзӯи афзоиши қимати барқ чанде қабл дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар низ матраҳ ва баррасӣ шуд.