Июл 14, 2021 20:47 Asia/Dushanbe
  • Паноҳ овардани 77 нафар аз шаҳрвандони афғонистонӣ ба Тоҷикистон

77 нафар аз шаҳрвандони афғонистонӣ ба Тоҷикистон паноҳанда шуданд.

Ба гузориши маркази матбуотии Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, соати 16: 30 дақиқаи 13 июли соли 2021, 77 нафар, аз ҷумла 26 мард, 20 зан ва 31 кудаки афғонистонӣ, ки бештари онҳо аз сокинони қирғизтабори ноҳияи Вахони устони Бадахшони Афғонистон ҳастанд, ба далели тарс аз шибҳинизомиёни Толибон бо убур аз гузаргоҳҳои марзӣ дар рӯстои Қизил Работи ноҳияи Мурғоб, вориди хоки Тоҷикистон шуданд.

Марзбонони тоҷик ба далоили башардӯстона ба паноҳандагони афғон иҷозаи убур аз марз доданд.

Дар ҳоли ҳозир паноҳҷӯёни афғон дар рустои Қизил Работи ноҳияи Мурғоб сукунат доранд.

Паноҳҷӯёни афғонистонӣ ҳамроҳи худашон 1000 сар гов, 300 сар гусфанд, 3 шутур ва 30 сар асп ба Тоҷикистон овараданд.