Июл 16, 2021 17:06 Asia/Dushanbe
  • Сохти постгоҳи бозрасӣ дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон

Русия дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон посгоҳ бунёд мекунад.

Ба гузориши “Аки Пресс”, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон аз бунёди як посгоҳ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хабар дод.

Бинобар суханони Замир Кобулов, ин тарҳ дар ҳоли иҷро аст ва тамоми хароҷоти лозим барои такмили он ихтисос дода шудааст.

Кобулов маҳалли сохт ва маблағи ҷудошуда барои сохти ин посгоҳи марзиро эълом накард.

Қабл аз ин Кобулов гуфта буд, ки Толибон ба Маскав тазмин медиҳад, ки аз хоки Афғонистон алайҳи манофеи кишварҳои сеюм, аз ҷумла Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода нахоҳад шуд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия низ дар сафари моҳи май ба Душанбе гуфта буд, ки Русияву Тоҷикистон дар ояндаи наздик мумкин аст тавофуқномае дар заминаи бунёди як посгоҳи марзӣ (бо ҳимояти молии Русия) дар марзи ин кишвар бо Афғонистон имзо кунанд.

Олег Глазунов, мутахассиси Анҷумани коршиносони низомии Русия низ ба навбати худ эҷоди посгоҳи марзӣ дар хоки Тоҷикистонро зарурӣ донист.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп