Июл 16, 2021 18:27 Asia/Dushanbe
  • Суханронии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъи теъдоде аз низомиёни ноҳияи Хатлон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон барои мақомоти ниҳодҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ аҳамияти роҳбурдӣ дорад.

Ба гузориши хабаргузории «Ховар», Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи теъдоде аз нерӯҳои низомӣ ва сарбозони мустақар дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон гуфт: Вазъияти амниятии ин манотиқ илова бар мақомоти тоҷик, барои сарони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ бисёр муҳим аст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд: Ин навоҳӣ таъсири босазое дар мизони табодулоти тиҷорӣ ва бозаргонии кишварҳои мухталиф дорад.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: Низомиёни тоҷик бо тамоми тавон ва омодагии комил аз марзҳои кишвар дар баробари таҳдидоту чолишҳои мухталифе монанди терроризму ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир муҳофизат мекунанд.

Тоҷикистон ва Афғонистон 1400 километр марзи муштарак доранд.