Июл 16, 2021 19:51 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи 300 сомонии афроди бидуни ниқоб дар шаҳри Хуҷанд

Мақомоти шаҳрдории Хуҷанд эълом карданд, афроде, ки дар маконҳои умумӣ аз ниқоб истифода накунанд, 300 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», дар баёнияи шаҳрдории Хуҷанд таъкид шудааст, ки ҳар рӯз гурӯҳҳои бозрасии вижа, ки шомили кормандони полис низ мешавад, ҳаракати сокинони шаҳри Хуҷандро дар васоили нақлиёт ва маконҳои умумӣ назорат мекунанд.

Аз дидгоҳи масъулони шаҳри Хуҷанд, бетаваҷҷӯҳии мардум ба ҳушдорҳои мақомоти тандурустӣ сабаби густариши дубораи бемории Ковид -19  шудааст.

Аз сӯйи дигар, бар асоси эъломи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, тайи 24 соати гузашта 42 мавриди ҷадиди мубтало ба корона дар кишвар сабт шудааст. Бо ҳисоби ин беморон, теъдоди мубталоён ба ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 14 ҳазор нафар расидааст.