Ноябр 02, 2016 10:11 Asia/Dushanbe
  • Оғози расмии лимити барқ дар Тоҷикистон

Сухангуи ширкати давлатии “Барқи тоҷик” аз эъмоли лимити барқ дар саросари ин кишвар аз аввали моҳи ноябр хабар дод.

Сухангуи ширкати давлатии “Барқи тоҷик” аз эъмоли лимити барқ дар саросари ин кишвар аз аввали моҳи ноябр хабар дод.

Ба иттилои сайти Азия-Плюс, Нозир Ёдгорӣ эълом кардааст, ки бадалели коҳиши мизони оби вурудӣ ба садди нерӯгоҳҳои барқӣ-обии ин кишвар ва оғози фасли сармо имкони таъмини комили барқи мавриди ниёз дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Сухангуи ширкати давлатии “Барқи тоҷик” таъкид кардааст, ки шаҳри душанбе, марокизи вилоятҳо ва корхонаҳои муҳими санъатии ин кишвар аз лимити барқ мустасно ҳастанд.

Ҳамчунин ба бахши хонагӣ дар навоҳии Тоҷикистон 10 то 12 соат дар шабонарӯз барқрасонӣ хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар манотиқи рустоии Тоҷикистон, маҳдудияти интиқоли барқ аз 12-и октябр эъмол шудааст.

Ҳамчунин аз аввали моҳи ноябр бар асоси тасмими давлати Тоҷикистон қиммати ҳар киловатт соат барқи масрафӣ барои бахши хонагӣ, ки токунун 12,6 дирам будааст, бар асоси тарифаҳои ҷадид ба 16,6 дирам афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳамчунин марокизи тавлидӣ ва санъатии Тоҷикистон низ барои масрафи ҳар киловатт соат барқи 35,6 дирам пардохт хоҳанд кард.