Июл 19, 2021 21:04 Asia/Dushanbe
  • Вожгунии мошини боркаши ҳомили ангишти қочоқ дар Тоҷикистон

Комюн ё мошини боркаши ҳомили ангиштсанги қочоқ аз Қирғизистон, дар хоки Тоҷикистон вожгун шуд.

Дафтари матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз вожгун шудани комюни ҳомили ангиштсанги қочоқ дар наздикии ноҳияи Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “АКИ ПРЕСС”, ба гуфтаи мақомоти дафтари матбуотии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, ин комюн ҳангоми таъқиб ва гурез, дар пайи ҳушдори марзбонони қирғиз ва тирандозии ҳавоӣ, ба далели нотавонии ронанда дар контроли василаи нақлиёти борӣ вожгун шуд.

Баррасиҳои аввалия нишон медиҳад, ки шаҳрдори Слуктаи вилояти Ботканди Қирғизистон соҳиби маҳмулаи ангиштсанги қочоқи комюн аст.

Аз ҳудуди 3 моҳи пеш ва пас аз даргириҳои марзии авохири апрел, марзҳои ҳавоӣ ва заминии Тоҷикистон ва Қирғизистон баста шудааст.