Назорати сифати ваксинаҳои корона пеш аз тазриқ дар озмоишгоҳҳои Тоҷикистон
(last modified Tue, 20 Jul 2021 06:35:24 GMT )
Июл 20, 2021 11:35 Asia/Dushanbe

Сифати ваксинаҳои корона пеш аз тазриқ дар озмоишгоҳҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон назорат карда мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мутахассисони ваксина мегӯянд, ки ин яке аз роҳҳои муҳимтарини шикастани занҷири интиқоли корона аст.

То рӯзи 23 март тақрибан 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон алайҳи  бемории корона эм карда шуданд.

Аммо сифати намунаҳои ваксинаҳои корона, ки ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, пеш аз тазриқи умумӣ дар озмоишгоҳҳои Вазорати тандурустӣ назорат карда мешавад. Аслиддин Имомзода, директори Лабораторияи марказии хизматрасонии мониторинги саломатии Вазорати тандурустии Тоҷикистон чунин шарҳ медиҳад: