Сохтмони урдугоҳ барои паноҳандагони афғон дар минтақаи Ҷайҳуни Тоҷикистон
(last modified Tue, 20 Jul 2021 07:47:46 GMT )
Июл 20, 2021 12:47 Asia/Dushanbe
  • Раиси вилояти Хатлон гуфт: Дар минтақаи Ҷайҳун урдугоҳе барои паноҳандагони афғон сохта мешавад.
    Раиси вилояти Хатлон гуфт: Дар минтақаи Ҷайҳун урдугоҳе барои паноҳандагони афғон сохта мешавад.

Раиси вилояти Хатлон гуфт: Дар минтақаи Ҷайҳун урдугоҳе барои паноҳандагони афғон сохта мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Қурбон Ҳакимзода ин матлабро дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Кӯлоб эълом кард.

Вай гуфт: Ба ин манзур буҷети мавриди ниёз аз манобеъи молии вилояти Хатлон ихтисос дода шудааст.

Ӯ изҳор кард, ин урдӯгоҳро Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ҳамоҳангии Созмонҳои имдодии байналмилалӣ месозад.

Аммо раиси вилояти Хатлон дар бораи шумораи паноҳҷӯёни эҳтимолии афғон дар ин урдугоҳ изҳори назар накардааст.

Ба гуфтаи Ҳакимзода, 207 сарбози афғон, ки пас аз даргириҳо бо гурӯҳи Толибон вориди вилояти Хатлон шуда буданд, аллакай дар ин минтақа ҷойгир шудаанд, аммо пас аз чанд рӯз бо ҳамоҳангии мақомоти афғон онҳо аз Кӯлоб ба Кобул интиқол дода шуданд.

 

Бештар бихонед: