Хоҷазода: Бештари марзҳои мавриди ихтилоф дар водии Фарғона аст
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва нақшабардории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, бештари манотиқи марзии мавриди ихтилофи ин кишвар бо Узбакистон ва Қирғизистон, дар водии Фарғона воқеъ шудааст.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Ориф Хоҷазода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ки бахши умдаи манотиқи марзии мавриди ихтилофи Тоҷикистон бо Узбакистон ва Қирғизистон муштарак мебошад, ки ба далели вуҷуди нақшаҳои ҷуғрофиёии мухталиф барои он, ҳанӯз ҳам аломатгузорӣ нашудааст.
Ба гуфтаи Хоҷазода, тӯли марзи Тоҷикистон ва Узбакистон як ҳазору 326 километр аст, ки то ба ҳол як ҳазору 319 километри он аломатгузорӣ шудааст.
Хоҷазода мегӯяд, чанд километри боқимондаи марзи Тоҷикистон бо Узбакистон, ки ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, дар минтақаи мавриди ихтилофи Тоҷикистон бо Узбакистон ва Қирғизистон воқеъ шудаву аломатгузории он ниёз ба музокироти бештар дорад.
Ин дар ҳоле аст, ки аз марзи муштараки 976 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо бар сари аломатгузории 520 километр тавофуқ шуда ва ба далели ихтилофи шадид бар сари бақияи манотиқи он, музокироти ҷонибҳо дар ин замина то кунун бидуни натиҷа будааст.
Дар ҳоли ҳозир марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз даргирии хунини рӯзҳои 28 ва 29 апрели имсол ба таври комил баста боқӣ мемонад.
Бештар бихонед:
- Ифтитоҳи ду дафтари ҳамкорӣ дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон
- Нооромӣ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон
- Водии Фарғона – сегонае барои дӯстиву бародарии мардуми Осиёи Марказӣ