Июл 26, 2021 14:52 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия бо сафар ба Тоҷикистон аз таҷҳизоти низомии ин кишвар боздид кард.
    Фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия бо сафар ба Тоҷикистон аз таҷҳизоти низомии ин кишвар боздид кард.

Фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия бо сафар ба Тоҷикистон аз таҷҳизоти низомии ин кишвар боздид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз сомонаи ҳавзаи низомии марказии Русия,  генерал Александри Лапин  дар боздид аз пойгоҳи фазоии Русияи дар ноҳияи Санглох ва подагони низомӣ дар шаҳри Норак бо фаъолияти ин марокиз ошно шуд.

Пойгоҳи кайҳонии Русия дар минтақаи Санглох дар наздикии шаҳри Норак дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва фаъолияти мушакӣ ва кайҳонии минтақаро дар баландии 50 000 километр назорат мекунад.

Фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия аз пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон, ки дар канори Душанбе воқеъ аст, дидан кард.

Дар ин сафар ӯ бо фаъолият ва омодагии нерӯ ва ҳайати ин гарнизон шинос шуд.

 

Барчасп