Июл 26, 2021 15:44 Asia/Dushanbe
  • Сафари 194 ҳазор гардишгар дар 6 моҳи аввали имсол ба Тоҷикистон

Аз оғози имсол то кунун 194 ҳазор гардишгар ба Тоҷикистон сафар кардаанд.

Ба гузориши Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, ин мусофирон бо вуҷуди густариши корона ва авзои пуртаниши шимоли Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон, ба ин кишвар сафар кардаанд. 

Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон гуфт: Аз ин теъдод 70 ҳазор нафар шаҳрвандони Узбакистон буданд.

Вай афзуд: 107 ҳазор гардишгар низ аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон сафар карданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон изҳор дошт: 17 ҳазор гардишгар ҳам аз кишварҳои мухталиф, Тоҷикистонро мақсади сафари худ интихоб карданд.

Вай хотирнишон кард: 226 ширкати гардишгарӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки аз ин теъдод 50 ширкат дар Бадахшон, 40 ширкат дар Суғд, 17 ширкат дар Хатлон, 105 ширкат дар шаҳри Душанбе ва 14 ширкат дар манотиқи тобеи ҷумҳурӣ иҷозаи фаъолият доранд.

Тоҷиддин Ҷӯразода дар идома гуфт: Ба манзури рушду тақвияти гардишгарӣ, Бонки Ҷаҳонӣ 30 миллион доллар ва Бонки Рушди Осиё 10 миллион доллар ба Тоҷикистон кумак кардаанд. 

Ӯ гуфт: 179  меҳмонхона, 25 хобгоҳу мотел, 51 осоишгоҳ, 7 осоишгоҳи кӯдак, 7 маҳалли истироҳат, 3 урдӯгоҳ ва 3 пойгоҳи гардишгарӣ пазирои мусофирон дар Тоҷикистон аст.

 

Бештар бихонед:

Гардишгарӣ - меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Туркия

Барқарории масирҳои ҷадиди гардишгарӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон

Хисорати 174 миллион долларии корона ба гардишгарии Тоҷикистон

Барчасп