Шарти мулоқоти зиндониён дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 26 Jul 2021 16:12:02 GMT )
Июл 26, 2021 21:12 Asia/Dushanbe
  • Гуфта мешавад, теъдоди зиндониёни Тоҷикистон 10 ҳазор нафар аст
    Гуфта мешавад, теъдоди зиндониёни Тоҷикистон 10 ҳазор нафар аст

Созмони зиндонҳои Тоҷикистон эълом кард, мулоқоти бастагон бо зиндониён танҳо дар сурати доштани натиҷаи озмоиши манфии бемории Ковид - 19 имконпазир мебошад.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, дар посух ба дархости Эътилофи шаҳрвандии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки эълом карда буд, дар кишвар мулоқот бо зиндониён ба шиддат маҳдуд шудааст, мақомоти Созмони зиндонҳо гуфтаанд, ки ин иддао воқеият надорад.

Як мақоми Созмони зиндонҳои Тоҷикистон бидуни ифшои номи хеш гуфтааст: “Танҳо шарти мулоқот бо зиндониён риояти муқаррароти беҳдоштии бастагони онон мебошад, аммо ба далели густариши мавҷи ҷадиди бемории корона ва ба хотири ҳифзи саломатии зиндониён тасмим гирифта шуд, ки бастагони зиндониён барои дидор бо онон бояд натиҷаи манфии озмоиши бемории Ковид – 19 -ро дар даст дошта бошанд”.

Ҳамчунин эълом шудааст, ки тазриқи ваксинаи корона ба зиндониён идома дорад, вале теъдоди дақиқи афроде ки ваксина дарёфт кардаанд, мушаххас нест.

Гуфта мешавад, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон 10 ҳазор нафар даврони маҳкумияти худро мегузаронанд.

 

Бештар бихонед: