Қарзи 29 миллиарду 300 миллионсомонии ширкати “Барқи Тоҷик”
(last modified Sat, 31 Jul 2021 06:32:13 GMT )
Июл 31, 2021 11:32 Asia/Dushanbe
  • Қарзи 29 миллиарду 300 миллионсомонии ширкати “Барқи Тоҷик”

Қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” ба 29 миллиарду 300 миллион сомонӣ расид.

Мудири умури молии Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” эълом кард, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ қарзи ин ширкат ба 29 миллиарду 300 миллионсомонӣ расидааст.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷвек”, Рустам Маҷидзода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, бахши зиёде аз қарзи ин ширкат ба вазорати молия ва нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтуда 1 ва 2 аст.

Вай таъкид кард, дар ҳоли ҳозир ин ширкат ба вазорати молияи Тоҷикистони 23 миллиард сомонӣ, нерӯгоҳи барқи обии Сатгтуда 2 ҳудуд 2 миллиарду 500 миллионсомонӣ ва Сангтуда 1 беш аз 1 миллиарду 900 миллион сомонӣ қарздор аст.

Маҷидзода ҳамчунин мизони қарзи муштаракони бахши хонагӣ ба ширкати давлатии “Барқи Тоҷик”-ро ҳам 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ эълом кард.

Бештар бихонед: