Даромади 7 миллиондолларии Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши барқ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввали 2024 тақрибан 7.2 миллион доллар барқ ба ҳамсоягон фурӯхт.
Бар асоси гузориши Ожонси омори Тоҷикистон, ин кишвар дар январ то марти 2024 ҳудуди 7.2 миллион доллар барқ содир кардааст.
Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши барқ беш аз 2.4 миллион доллар дар январ, 2.8 миллион доллар дар феврал ва ҳудуди 2 миллион доллар дар моҳи март даромад касб кард.
Тоҷикистон танҳо бо ду кишвари Афғонистон ва Узбакистон дар мавриди таъмини барқ барои соли 2024 тавофуқ кардааст.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон барқ танҳо дар тобистон ба Узбакистон содир мешавад ва арза ба Афғонистон дар фасли поиз ва замистон дар ҳаҷми кам низ идома хоҳад дошт,
Мудирияти ширкати Барқи Тоҷик муддаӣ шуд, ки дар фасли сармо, ки Тоҷикистон худ бо камбуди барқ мувоҷеҳ аст, барқрасонӣ ба Афғонистон аз 400 мегаватт ба 40 мегаватт коҳиш меёбад.