Мамнуъ шудани баргузории ҳамоишҳои фарҳангӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон
(last modified Mon, 02 Aug 2021 07:38:27 GMT )
Август 02, 2021 12:38 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъ шудани баргузории ҳамоишҳои фарҳангӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон

Дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон баргузории рӯйдодҳои фарҳангӣ мамнуъ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ бар асоси ин мусавваба ҳазинаҳои баргузории маросимҳои фарҳангӣ барои муқобила бо бемории корона ҳазина хоҳад шуд.

Ин матлабро Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон дар ҷаласаи муқобила бо корона эълом кард.

Ёдгор Файзов ҳамчунин аз риоят накардани шеваномаҳои беҳдоштӣ ибрози нигаронӣ кард ва ба масъулон таъкид кард, ки назорати бештаре барои иҷрои ин муҳим дошта бошанд.

Файзов ваксинакунониро ҳам яке аз муҳимтарин роҳҳои пешгирӣ аз ибтило ва қатъи занҷираи корона донист.

Фарид Музаффаров, раиси идораи беҳдошти вилояти Бадахшон ҳам дар ин ҷаласа гуфт: 50 ҳазор дозаи ваксинаи Модерно ба Бадахшон таҳвил дода шуд.

Ӯ афзуд, пеш аз ин низ дар моҳи июн 5850 дозаи ваксинаи Астразенка ба вилояти Бадахшон ирсол шуда буд.

Ӯ изҳор кард, ки дар сурати шуюъ ва афзоиши теъдоди беморони коронаӣ, бемористони 200 катии ноҳияи Раштқалъа низ барои бистарӣ ва дармони беморон таҷҳиз шудааст.

Бештар бихонед:

Зарурати риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз ибтило ба корона

Ирсоли 40 ҳазор доза ваксинаи корона аз ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон

5 ваксинаи эронӣ дар феҳристи номзадҳои ваксинаи Ковид -19 –и Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт